истироҳатгоҳ — [استراحت گاه] 1. ҷои дамгирӣ, ҷои роҳат ва фароғат 2. ниг. хонаи истироҳат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
боғ — [باغ] 1. қитъаи замини иҳоташудае, ки дар он дарахтони мевадору бемева ва гулҳои гуногун шинонда, сабзу хуррам карда шудааст, ҳадиқа, равза, бӯстон 2. ҷои васеи сабзу хуррами сердолу дарахт ва гулу сабзаҳои зиёд, ки хиёбонҳои курсию харакдор ва… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гузоштан — [گزاشتن] 1. мондан, ниҳодан: болои ҳам (ба замин) гузоштан, ба киса гузоштан 2. тарк кардан, раҳо кардан 3. боқӣ гузоштан, аз худ ба ёдгор мондан, асар (нишона) мондан 4. мавқуф кардан, мондан; ба таъхир андохтан: ба вақти дигар гузоштан 5. роҳ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дам — I [دم] асоси замони ҳозира аз дамидан II [دم] 1. нафас; дами касе гаштан (гардидан) нафаси касе ба дарун афтидан; нафас гирифта натавонистан 2. ҳаво, бод; пуф; дами чизеро холӣ кардан боди чизеро баровардан, ҳавои чизеро сар додан; дами шикам… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дамгирифта — [دمگرفته] гуфт. истироҳаткарда; шахси дамгирифта шахси аз дамгирӣ омада, истироҳаткарда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дамгирӣ — [دمگيري] танаффус дар кору машғулият; истироҳат: вақти дамгирӣ; рӯзи дамгирӣ рӯзи фориғ аз кору машғулият, рӯзи таътил, рӯзи истироҳат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таътил — [تعطيل] а. истироҳат, ба муддати маълум мутаваққиф шудани машғулиятҳо дар мактабҳо барои дамгирӣ; рӯзи таътил рӯзи истироҳат; таътил шудан мутаваққиф шудан (кор, машғулият) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чархофалак — [چرخافلک] чархи бузурге, ки бо нишастгоҳҳо таъмин гардида дар боғи истироҳат ва дигар маҳалҳои фароғатӣ гузошта мешавад ва мардум ба он бо мақсади истироҳат ва аз баландӣ назора кардани шаҳр истифода мебаранд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асбоб — [اسباب] а 1. ҷ. сабаб 2. васила, восита 3. лавозимот, чизу чораи даркорӣ; асбоби аёнӣ олатҳои намоишӣ барои таълим; асбоби деҳқонӣ лавозимоти деҳқонӣ; асбоби зиёфат васоили тараб, масолеҳи меҳмондорӣ; асбоби зироат олати киштукор; асбоби… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҳорхоб — [بهارخواب] айвоне, ки ду ё се тарафи он боз аст ва дар фасли гармо дар он ҷо истироҳат мекунанд ё мехобанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ